Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ яке аз ду барномаҳои ҳамкории Шӯрои Аврупо бо иштироки Ӯзбекистон мебошад. Кишвар ҳамчунин дар Барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо/Шӯрои Аврупо "Дастгирии ислоҳоти қонунгузорӣ ва таҷрибаи интихоботӣ ва васоит ва механизмҳои минтақавии Ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон" иштирок мекунад.

Ғайр аз барномаҳои ҳамкорӣ, Ӯзбекистон мавқеи Комиссияи Венетсияро дар мавриди як қатор ташаббусҳои қонунгузории худ дархост кардааст.

Хабарҳо

Back Ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи минтақавии Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ

Ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи минтақавии Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ

Рӯзҳои 26-27 июни соли 2023 дар чаҳорчӯби Барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо оид ба волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Љумњурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми кумитаи роҳбарикунандаи минтақавӣ баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрӣ ҷамъбасти он буд, ки чӣ комёбиҳо ба даст оварда шуданд, чӣ дар доираи татбиқи боқимондаи Барнома, ки то моҳи июни соли 2024 тамдид шудааст, ба чӣ ноил шудан мумкин аст ва омӯхтани он буд, ки чӣ корҳоро якҷоя берун аз доираи Барнома анҷом дод.

Дар чорабинӣ ҳудуди 60 нафар намояндагони ниҳодҳои миллии шарики кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, додгоҳи конститутсионӣ ва олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои мубориза бо коррупсия ва муассисаҳои миллии омӯзиши ҳуқуқ ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро Кестутис Янкаускас, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Қазоқистон; Клаус Нойкирх, директори ҳамоҳангсозии барномаҳои Шӯрои Аврупо, Тастемир Абишев, котиби Комиссияи ҳуқуқи башари назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Руслан Бекболотов, муовини роҳбари Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Фаронса, Сайфиддин Сироҷзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Нозимбек Рустамбеков, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ироа карданд.

Танҳо дар соли 2022 Барнома бо истифода аз таҷриба ва воситаҳои беназири Шӯрои Аврупо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, волоияти ҳуқуқ ва демократия беш аз 56 чорабинии дуҷониба ва 7 минтақавиро бомуваффақият ташкил намуд. Барнома чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирифт, аз қабили баррасии қонунгузорӣ ва сиёсат, таҳияи маводи махсуси омӯзишӣ, чорабинињо оид ба  баланд бардоштани иқтидор, ки бахусус мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ, конфронсҳои мавзӯӣ, семинарҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва табодули минтақавӣ мебошанд. Дараҷаи иштирок ва натиҷаҳои бадастомада дар ин чорабиниҳо аҳамияти Барномаро барои шарикон аз Осиёи Марказӣ равшан тасдиқ мекунад, гуфт Клаус Нойкирх зимни ифтитоҳи чорабинӣ.
Клаус Нойкирх ҳамчунин таъкид кард, ки "талошҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо барои таъмини ҳамоҳангӣ бо дигар фаъолиятҳои марбута дар минтақа идома хоҳанд дод."
Кестутис Янкаускас тамдиди Барномаро то моҳи июни соли 2024 эълон кард ва гуфт, ки ба мо имкони ба пешрафтҳои то имрӯз ноилшуда такя кунем ва ба ниёзҳои баёнкардаи шумо посух гӯем. Дар ояндаи дарозмуддат Шӯрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо њамкории муштаракро ба нафъи минтақа барои пешбурди ҳуқуқи инсон, волоияти ҳуқуқ ва идоракунии демократӣ дар минтақа идома диҳед».

Иштирокчиён аз дастовардҳои зиёд пас аз оғози Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ дар соли 2020 истиқбол карданд ва пешниҳодҳои мушаххасро оид ба:

  • вусъат додани корҳо оид ба тадриҷан ташкили фазои умумии ҳуқуқӣ ва фаъолона пешбурди конвенсияҳои дахлдори Шӯрои Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ;
  • идома додани дастгирии татбиқи самараноки стандартҳои ҳуқуқи инсон бо таваҷҷӯҳ ба мутахассисони ҳуқуқӣ (судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо) тавассути воситаҳои беназири омӯзишӣ, ки дар доираи Барномаи Аврупо оид ба таълими ҳуқуқи инсон барои мутахассисони ҳуқуқшинос (HELP) таҳия шудаанд;
  • идома додани кӯшишҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва қонунигардонии даромадҳои пулӣ/маблағгузории терроризм;
  • бо дастгирии Комиссияи Венетсиягӣ ба ислоҳоти конститутсионӣ ва принсипҳо, аз қабили истиқлолияти ҳокимияти судӣ мувофиқи принсипҳои волоияти ҳуқуқ мусоидат мекунад;
  • ба таъсиси шабакаҳои минтақавии "баробар ба баробар" оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи умумӣ мусоидат намояд.
  • Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо бори дигар содиқ будани худро ба принсипҳои волоияти ҳуқуқ, демократия ва ҳуқуқи инсон тасдиқ карданд; ин хамкории пурсамарро давом медињанд.

Эзоҳ ба муҳаррирон:


Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ (2020-2023) як барномаи муштараки минтақавӣ мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо муштаракан маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Шӯрои Аврупо амалӣ мешавад. Ҳадафи асосии Барнома таъмини беҳбудии зиндагии шаҳрвандон тавассути таҳкими ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти ҳуқуқ мутобиқи стандартҳои аврупоӣ ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Ин барнома ба равише асос ёфтааст, ки хусусиятҳо ва ниёзҳои ҳар як кишвари алоҳидаро ба инобат мегирад.
Барнома самтҳои зеринро дар бар мегирад: (1) мусоидат ба ташкили фазои умумии ҳуқуқӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон; (2) мусоидат ба шаффофияти тиҷорат ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ; (3) мусоидат ба фаъолияти самараноки муассисаҳои давлатӣ ва идораи давлатӣ.
Шӯрои Аврупо созмони пешбари ҳуқуқи башар дар қитъа аст, ки 46 кишвари узв дорад. Ҳама кишварҳои узви Шӯрои Аврупо Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башарро имзо карданд, ки шартномаест, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти ҳуқуқ нигаронида шудааст.

Тамос:
Амели Лепинард, ҳамоҳангсози Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ
Адела Долту, ёвари равобит, Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ
Никола Франчетти, Менеҷери Барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Қазоқистон

 

Маълумоти Иловагӣ:


Image Gallery

Қазоқистон 28 июни 2023
  • Diminuer la taille du texte
  • Augmenter la taille du texte
  • Imprimer la page