Шӯрои Аврупо бо кишварҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ аз охири солҳои 1990-ум ҳамкорӣ дорад. Ин ҳамкорӣ бо шарофати татбиқи Сиёсат барои ҳамсояминтақаҳо, ки аз ҷониби Шӯрои Аврупо соли 2011 таҳия шудааст, тақвият бахшида шуд. Хусусияти истисноии Барномаи мазкур аз он иборат аст, ки ҳамаи амалиётҳои он ченаки минтақавӣ дошта, бо ҳамкорӣ дар сатҳи миллӣ пурра мегардад. Чунин усул барои ҳалли мушкилоти ягонаи минтақавиро бо роҳи ҳамкорӣ имкон дода, ҳамзамон, иштироки Шӯрои Аврупоро тибқи талаботи маҳаллӣ ва хусусиятҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тукрманистон ва Ӯзбекистон ба роҳ мемонад.