Макони фаъолияти мо

Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ (2020-2024* ) - ин ташаббуси ҳамкорӣ мебошад, ки ба шарикии миёни Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) асос меёбад.

Мақсади Барнома аз тақвияти ҳуқуқҳои инсон, волоияти ҳуқуқ ва демократия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ ва дигар стандартҳои байналмилалӣ тавассути пешниҳоди кӯмак ба равандҳои ислоҳот бо такя ба усули ба талабот нигаронидашуда иборат мебошад. Барнома аз се ҷузъи асосӣ иборат мебошад:

  1. Мусоидат барои таъсиси фазои ягонаи ҳуқуқӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва тақвияти ҳимояи ҳуқуқи инсон;
  2. Мусоидат ба тақвияти шаффофият ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ;
  3. Мусоидат ба фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ.

Фаъолият дар доираи ҷузъҳои Барнома ба равиши бар асоси ҳуқуқ асос ёфта, чунин масъалаҳои мураккаб ва фарогирро, аз қабили манъи табъиз ва танзими гендериро ба назар мегирад. Вобаста аз табиати чорабиниҳо иштироки ҳамаҷонибаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии вазифаҳои Барнома таъмин карда мешавад.

Барномаи мазкур қисми ҳамкориҳои давомдор миёни ИА ва Шӯрои Аврупо буда, ба сиёсати Шӯрои Аврупо нисбат ба ҳамсояминтақаҳо ва Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ мутобиқат мекунад.

 


* Барнома то моҳи июли соли 2024 тамдид карда шуд.