Татбиқи самараноки Конвенсияҳои тасвибшудаи Шӯрои Аврупо, ҳамчунин, стандартҳои ҳуқуқии аврупоӣ ва байналмилалӣ барои тақвияти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа ва пешрафт барои таъсиси фазои ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳамин тариқ, мақсади асосии ин қисмат аз беҳтаргардонии дониш ва малакаи коршиносони соҳаи адлияи Осиёи Марказӣ дар соҳаи масоили ҳуқуқи инсон ва таъмини татбиқи принсипҳои ҳуқуқи инсон дар фаъолияти њарруза иборат мебошад. Барои расидан ба ин мақсад Барномаи аврупоии маориф дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои коршиносони соҳаи ҳуқуқ (HELP) пурра истифода бурда мешавад, ки он платформаи асосии маорифи Шӯрои Аврупо барои коршиносони соҳаи ҳуқуқ буда, омўзиши Конвенсияҳои Шӯрои Аврупоро дар бар мегирад. Дар чаҳорчӯбаи Нақшаи чорабиниҳо, шумораи муайяни судяҳо, прокурорҳо ва ҳуқуқшиносон аз Осиёи Марказӣ вобаста ба интихоби курсҳои HELP, ки ба талаботи қонунгузории миллӣ мутобиқ ва ба забонҳои миллӣ тарҷума шудаанд, ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Хабарҳо

Back Намояндагони Тоҷикистон дар семинари омузишӣ оид ба конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ширкат карданд

Намояндагони Тоҷикистон дар семинари омузишӣ оид ба конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ширкат карданд

Намояндагони сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 сентябри соли 2023 дар қароргоҳи Шӯрои Аврупо дар шаҳри Страсбург (Фаронса) дар семинари омузишӣ оид ба конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ширкат карданд.

Дар ин ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Вазорати адлияи Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Онҳо дар бораи конвенсияҳои Шӯрои Аврупо, аҳамияти онҳо, тартиби амали онҳо ва тартиби ҳамроҳ шудан ба онҳо, имкони ҳамроҳ гаштан ба конвенсияҳо, ки дар оянда ба расмиёти шомилшавӣ , ташаббуси ҳамроҳшавӣ ба онҳо ва эҳтимол идома додани фаъолият ва ҳамкориҳои муфид фароҳам оранд, маълумоти бештар гирифтанд.

Дар семинари омузишӣ ба Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оид ба коррупсия, Конвенсия оид ба киберҷиноятҳо (Конвенсияи Будапешт), Конвенсия оид ба пешгирӣ ва муқовимат бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва зӯроварӣ дар оила (Конвенсияи Истамбул), Конвенсия оид ба ҳифзи кӯдакон аз истимори шаҳвонӣ ва зуроварии шаҳвонӣ (Конвенсияи Ланзароте), Конвенсия оид ба интиқоли шахсони маҳкумшуда ва Конвенсия оид ба муқовимат ба савдои одамон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

 

Семинари омузишии мазкур дар чаҳорчӯби Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ (2020-2023 * ), ки аз ҷониби Шӯрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо якҷоя маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Шӯрои Аврупо амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст.

 

 


 * Барнома то моҳи июни соли 2024 тамдид карда шуд.


Image Gallery

Страсбург (Фаронса) 19-21 сентябри 2023
  • Diminuer la taille du texte
  • Augmenter la taille du texte
  • Imprimer la page