Мусоидат ба тақвияти шаффофият ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ

Солҳои охир барои пешгирии коррупсия ва ҷазо барои он, бо мақсади беҳтаргардонии иқлими тиҷоратӣ дар минтақа ва таблиғи рушди устувори иқтисодӣ барои ҳама ҷонибҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ ислоҳот гузаронида истодаанд. Чорабинии мазкур ба беҳтаргардонии шароити тиҷорат ва баланд бардоштани сифати низоми зиддикоррупсионӣ дар тамоми минтақа равона шудааст. Чорабинӣ аз ду ҷузъ иборат аст: 1) Поквиҷдонӣ дар фаъолияти расмӣ ва риояи меъёрҳои амалкунандаи тиҷорат; 2) Низомҳои муқовимат ба коррупсия, пулшӯӣ ва баргардонидани дороиҳо.

Поквиҷдонӣ дар фаъолияти расмӣ ва риояи меъёрҳои амалкунандаи тиҷорат

Афзоиши шаффофият, поквиҳдонӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон аз афзалиятҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Кор дар доираи ин бахш ба фароҳам овардани механизмҳо ва васеъ намудани имкониятҳои мубориза бо тамаъҷӯӣ соҳибкорон, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани риояи меъёрҳои ҷорӣ дар бахши соҳибкорӣ (комплаенс) нигаронида шудааст. Дар сатҳи минтақавӣ ҳадафи ҳамкорӣ дар доираи бахши мазкур эҷод намудани механизмҳои муассир барои табодули таҷрибаи пешқадам ва мусоидат ба дарки равшантар оид ба хатарҳои коррупсионии умумии минтақавӣ ва фаромарзӣ, ки соҳибкорон дучор меоянд, мебошад. Дар сатҳи миллӣ кор ба афзалиятҳои мушаххаси кишварҳои дахлдор дар самти мавзӯҳои зикршуда ва расонидани кӯмаки махсус дар раванди ислоҳот равона мешавад.

НИЗОМҲОИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ, ПУЛШӮӢ ВА БАРГАРДОНИДАНИ ДОРОИҲО

Кор дар ин соҳа ба беҳтаргардонии механизмҳо ва иқтидори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, пулшӯӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ, инчунин ба таҳкими низомҳои миллӣ оид ба мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм равона гардидааст. Ченаки минтақавии ин ҷузъ баргузории тадқиқотҳо оид ба коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ бо такя ба хавфу хатарҳои махсуси минтақавӣ ва як қатор барномаҳои омӯзишии минтақавӣ барои ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатиро дар бар мегирад. Ченаки миллӣ ба ниёз ва талаботи мушаххас вобаста аз хусусиятҳои миллӣ ва раванди ислоҳот равона мегардад.

Хабарҳо

Back Намояндагони Тоҷикистон дар семинари омузишӣ оид ба конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ширкат карданд

Намояндагони Тоҷикистон дар семинари омузишӣ оид ба конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ширкат карданд

Намояндагони сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 сентябри соли 2023 дар қароргоҳи Шӯрои Аврупо дар шаҳри Страсбург (Фаронса) дар семинари омузишӣ оид ба конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ширкат карданд.

Дар ин ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Вазорати адлияи Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Онҳо дар бораи конвенсияҳои Шӯрои Аврупо, аҳамияти онҳо, тартиби амали онҳо ва тартиби ҳамроҳ шудан ба онҳо, имкони ҳамроҳ гаштан ба конвенсияҳо, ки дар оянда ба расмиёти шомилшавӣ , ташаббуси ҳамроҳшавӣ ба онҳо ва эҳтимол идома додани фаъолият ва ҳамкориҳои муфид фароҳам оранд, маълумоти бештар гирифтанд.

Дар семинари омузишӣ ба Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оид ба коррупсия, Конвенсия оид ба киберҷиноятҳо (Конвенсияи Будапешт), Конвенсия оид ба пешгирӣ ва муқовимат бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва зӯроварӣ дар оила (Конвенсияи Истамбул), Конвенсия оид ба ҳифзи кӯдакон аз истимори шаҳвонӣ ва зуроварии шаҳвонӣ (Конвенсияи Ланзароте), Конвенсия оид ба интиқоли шахсони маҳкумшуда ва Конвенсия оид ба муқовимат ба савдои одамон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

 

Семинари омузишии мазкур дар чаҳорчӯби Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ (2020-2023 * ), ки аз ҷониби Шӯрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо якҷоя маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Шӯрои Аврупо амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст.

 

 


 * Барнома то моҳи июни соли 2024 тамдид карда шуд.


Image Gallery

Страсбург (Фаронса) 19-21 сентябри 2023
  • Diminuer la taille du texte
  • Augmenter la taille du texte
  • Imprimer la page