Мусоидат дар таъсиси фазои ягонаи ҳуқуқӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва тақвияти ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи инсон

Бо назардошти он, ки низомҳои қонунгузории Аврупо (континентӣ) ва Осиёи Марказӣ таърихан решаи ягона доранд, онҳо аз бисёр паҳлӯҳо монанданд. Мақсади стратегии ин Нақшаи чорабиниҳо аз таъсиси раванди фазои ягонаи ҳуқуқӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо такя бо стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ иборат аст. Ин Нақшаи чорабиниҳо аз ду қисмати мукаммалкунанда иборат мебошад: Қисмати аввал, баланд бардоштани донишҳо дар бораи Конвенсияҳои Шӯрои Аврупо ва тақвияти ҳимояи ҳуқуқи инсон тавассути маориф. Қисмати дуюм дар чаҳорчӯбаи Барномаи аврупоии маориф дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои коршиносони соҳаи ҳуқуқ (HELP) татбиқ мегардад. 

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ДОНИШҲО ДАР БОРАИ КОНВЕНСИЯҲОИ ШӮРОИ АВРУПО

Конвенсияи Шӯрои Аврупо ҳамчун нишонаи калидии тақвияти ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти ҳуқуқ, мусоидат барои таъсиси фазои ягонаи сатҳи умумиаврупоӣ ва берун аз он равона шудааст. Аз ин рӯ, мусоидат ба фаҳмиши дуруст ва татбиқи самараноки низоми Конвенсия дар мақомоти ҳокимияти миллӣ ва субъектони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ муҳим аст. Дар доираи ҷузъ ва вобаста ба ниёзҳо ва афзалиятҳои ҳар як шарик дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ чорабиниҳои зерин ташкил карда мешаванд:

  • Баррасии заминаи қонунгузорӣ ва арзёбии он;
  • Тањияи тавсияҳо ва нашрияҳо;
  • Конференцияхо, семинархо, гуруххои корй, мубодилаи тачриба ва ғайра.
Хабарҳо
Back

Error