Солҳои охир Қирғизистон вобаста ба доираи васеи масъалаҳо бо Шӯрои Аврупо, махсусан дар чаҳорчӯбаи «Афзалиятҳои ҳамкориҳои ҳамсоявӣ барои Қирғизистон барои солҳои 2015-2019» фаъолона ҳамкорӣ кардааст. Дар чаҳорчӯбаи ин ҳуҷҷат се лоиҳа: "Кӯмак барои тақвияти демократия тавассути ислоҳоти интихоботӣ", "Тақвияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Қиғизистон", “Тайёр кардани наслҳои нави пешвоён: Мактаби омӯзиши сиёсӣ” амалӣ шудааст.

Бо назардошти он, ки Афзалиятҳо моҳи декабри соли 2019 ба анҷом расиданд, Шӯрои Аврупо ва ҳукумати Қирғизистон айни замон стратегияи ҳамкории минбаъдаро баррасӣ доранд. Ҳамзамон, Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун воситаи асосӣ барои ҳамкорӣ миёни Шӯрои Аврупо ва Қирғизистон хизмат менамояд.

Кишвар инчунин дар барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо/Шӯрои Аврупо “Дастгирии ислоҳоти қонунгузории интихоботӣ ва амалияи интихоботӣ, инчунин санадҳо ва механизмҳои минтақавии ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон" иштирок мекунад.

Хабарҳо
Back

Error