Солҳои охир Қирғизистон вобаста ба доираи васеи масъалаҳо бо Шӯрои Аврупо, махсусан дар чаҳорчӯбаи «Афзалиятҳои ҳамкориҳои ҳамсоявӣ барои Қирғизистон барои солҳои 2015-2019» фаъолона ҳамкорӣ кардааст. Дар чаҳорчӯбаи ин ҳуҷҷат се лоиҳа: "Кӯмак барои тақвияти демократия тавассути ислоҳоти интихоботӣ", "Тақвияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Қиғизистон", “Тайёр кардани наслҳои нави пешвоён: Мактаби омӯзиши сиёсӣ” амалӣ шудааст.

Бо назардошти он, ки Афзалиятҳо моҳи декабри соли 2019 ба анҷом расиданд, Шӯрои Аврупо ва ҳукумати Қирғизистон айни замон стратегияи ҳамкории минбаъдаро баррасӣ доранд. Ҳамзамон, Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун воситаи асосӣ барои ҳамкорӣ миёни Шӯрои Аврупо ва Қирғизистон хизмат менамояд.

Кишвар инчунин дар барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо/Шӯрои Аврупо “Дастгирии ислоҳоти қонунгузории интихоботӣ ва амалияи интихоботӣ, инчунин санадҳо ва механизмҳои минтақавии ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон" иштирок мекунад.

Хабарҳо

Back Озмуни байналмилалии тендерӣ од ба ташкили чорабиниҳо

Озмуни байналмилалии тендерӣ од ба ташкили чорабиниҳо

Шўрои Аврупо пудратчиёни (довталабони) хизматрасониро дар ташкили чорабинињо доир ба дастгирии моддию техникӣ дар доираи Барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо/Шӯрои Аврупо оид ба волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ: дар ҷумҳуриҳои ҚазоқистонҚирғизистонТоҷикистонТуркманистон ва Узбекистон     ҷустуҷӯ мекунад.

Пудратчиён (довталабон) муваззафанд, ки барои пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳо барои баргузории чорабиниҳо дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шартнома банданд.

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан ба Санадҳои иштирок ва Ҳуҷҷатҳои тендерӣ (ҳарду ҳуҷҷат танҳо ба забони англисӣ) барои ҳар як кишвар нигаред:

Дархостҳо бояд ба Шӯрои Аврупо ба таври электронӣ фиристода шаванд. Ҳама ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшуда дар ҳуҷҷатои тендерӣ зикр шудаанд.

Нусхаҳои электронӣ бояд танҳо ба суроғаи [email protected]  бо рақами парвандаи тендерӣ дар Ҳуҷҷатҳои тендерӣ фиристода шаванд. Дархостҳое, ки ба суроғаи почтаи электронии дигар фиристода мешаванд, беэътибор ҳисобида мешаванд.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ 13 июни соли 2023 то соати 23:59 ба вақти Аврупои Марказӣ (CET) мебошад.

Страсбург 23 майи соли 2023
  • Diminuer la taille du texte
  • Augmenter la taille du texte
  • Imprimer la page